Ссылки доступа

Сухангӯи президенти Қазоқистон роҳбари оҷонси хабарии "Хабар" таъйин шуд


Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон раиси мудирони оҷонси иттилоотии "Хабар"-и Қазоқистон таъйин шуд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар доданд. Иттилои дигаре дар ин маврид мавҷуд нест.

Берик Уалии 45-сола моҳи марти соли 2019 сухангӯи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъйин шуда буд. Вай ин мақомро дар давраи президентии Қосимҷомарт Тоқаев идома дод. Пештар дар расонаҳои Қазоқистон фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG