Ссылки доступа

Дар шимоли Қирғизистон талаб доранд, шир гаронтар шавад


Ҳудуди 50 соҳибкор аз вилояти Таласи Қирғизистон 29 март ба нишони эътироз тазоҳурот карданд. Онҳо талаб доранд, ки нархи шир гаронтар шавад.

Бо эътирозгарон намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилоят Бакитбек Нарбеков мулоқот кард.

Соҳибкорон гуфтанд, бо вуҷуди гаронтар шудани нархи маҳсулот ҳанӯз ҳам як литр ширро бо нархи 30 сом месупоранд.

Намояндаи президенти Қирғизистон гуфт, комиссияи махсус вазъ ва талаби соҳибкоронро меомӯзад ва дар хариду фурӯши шири сокинон бояд миёнаравҳо коҳиш дода шаванд.

Дар Талас 6 корхонаи хусусии коркарди шир фаъол аст.

XS
SM
MD
LG