Ссылки доступа

Додгоҳ ба санҷиши дубораи паёмҳои Чоршанбиев мувофиқат кард (гулчин)


CRIMEA - Kerch steppe, Kerch, Ukraine, May 25, 2021

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

-​ Додгоҳ ба санҷиши дубораи паёмҳои блогер ва варзишгари тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев мувофиқат кард. ​(видео)

- Қурби сомонӣ нисбат ба доллар андаке боло рафт. Баъди якбора поин омадани қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ, рӯзи 28-уми март талабот ба доллар дар Тоҷикистон андаке поин омадааст ва қурби он ҳам мисли пешина нест. (видео)

- "Пеши президент омадам, намонданд" (видео)

- Президент амр додааст, ки соҳибкоронро "ғам надиҳанд". Дар Тоҷикистон, ки ҷанг дар Украина ба қиматҳо таъсир гузошту баъзе маҳсулотро камчин кард, мақомот аз тарси бадтар шудани вазъи иқтисодӣ амр доданд, ки тафтиши соҳибкорону тоҷирон барои муддате бас карда шавад. Санҷишҳои пайдарпай аз шикоятҳоест, ки ҳамеша аз сӯйи соҳибкорони тоҷик садо медиҳад. (видео)

- Дар бораи бемории сил чӣ медонед? 24-уми март рӯзи огаҳӣ аз бемории сил аст. Ҳар рӯз садҳо нафар дар ҷаҳон бар асари он ҷон медиҳанд. Пизишкон сабаби паҳншавияшро шароити номусоиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ медонанд. Дар Тоҷикистон ҳам шумораи гирифторони сил кам нест. Хабарнигори Озодӣ аз мардум пурсид, ки дар бораи сил чӣ медонанд. (видео)

- Саидҷон аз Днепр ба Олмон гурехт. Аз тарси ҷанг беш 2000 шаҳрванди Тоҷикистон Украинаро тарк карданд. Ҳудуди дусад нафари онҳо донишҷӯ будаанд. Ояндаи таҳсили онҳо мисли поёни ҷанг дар ин кишвар норӯшан аст. Саидҷон Раҳимов, донишҷӯи Донишгоҳи Кимиё-Технологияи шаҳри Днепр аввали моҳи март ба Аврупо фирор кард ва ҳоло дар Олмон аст. (видео)

- Ҷасади чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷанг алайҳи Украина кушта шуданд, ба ватан оварданд. (видеои Настоящее время)

- Оилаҳои дарбадар ва муҳтоҷи кумаки бинои сӯхта. Чанд оилаи як баландошёнаи шаҳри Хуҷанд баъди сӯхтори шадид чанд рӯз аст, ки дар ин сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ бехонаву дарбадар мондаанд. Бар асари сӯхтор дар бинои баландошёнае дар шаҳраки 20-уми шаҳри Хуҷанд беш аз 10 хона комилан ба коми оташ рафт. ​(видео)

- Юсуфҷон даст надорад, вале аз дигарон зеботар менависад. Юсуфҷон Буриев, навраси 12 солаи тоҷик аз ду даст маҳрум аст, вале мисли дигарон дар корҳои хона ба волидон кӯмак мерасонад. Хонаводааш талош мекунанд, то ӯ муҳтоҷи ёрии дигарон набошад ва бештари корҳоро худаш анҷом бидиҳад. Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд. (видео)

- Свастика (рамз)-и нав: чи гуна ҳарфи Z рамзи ҳамлаи Русия ба Украина шуд (видео)

- Ural Airlines чанд парвозро ба Тоҷикистонро қатъ кард. Ба сабаби таҳримҳои иқтисодӣ ба Русия, баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар парвоз ба Тоҷикистон ба мушкил дучор шудаанд. Мусофирон мунтазиранд, ки кай мушкил ҳал мешаваду онҳо ба Русия мераванд ё аз онҷо бармегарданд (видео)

- Хароҷоти ҳангуфти наврӯзӣ аз куҷост? Барои ҷалби ҳазорҳо нафар ба барномаҳои идона, таҳияи либос, ороиши саҳна, омодагиҳо барои пешвози раисҷумҳур чӣ миқдор маблағ сарф мешавад? Мақомот аз ифшои ин маблағ худдорӣ мекунад. Аммо ин мавзӯъ ҳамеша мавриди баҳсу интиқод аст (видео)

- Комиссари олии СММ дар шаҳри Ваҳдат бо паноҳандагони афғон вохӯрд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG