Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Шӯрои таъмини амнияти озуқаворӣ ташкил шуд


Бо қарори девони вазирони Қирғизистон дар он кишвар Шӯрои таъмини амнияти озуқаворӣ ташкил шудааст.

Шӯрои мазкур бо ҳадафи "таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввалия ва ба эътидол овардани вазъ дар бозори озуқа" ташкил дода шудааст.

Шӯрои мазкурро раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов роҳбарӣ мекунад. Чанд вазорат, намояндагони теъдоде аз бонкҳо, Бунёди рушди Қирғизистону Русия ва Бунёди захираҳои моддии давлатӣ шомили шӯро шудаанд.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон Кумитаи зиддибуҳронӣ низ таъсис дода ва содироти бархе аз маҳсулоти кишоварзиро аз он кишвар манъ карда буданд. Ҳукумати Қирғизистон гуфта буд, ки тасмимҳои мазкур "ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва эътидоли қимати маҳсулоти бозор" гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG