Ссылки доступа

Қирғизистон аз Русия даъват кард, муҳоҷиронро афв кунад


Раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов аз Русия даъват кард, ки дар соли ҷорӣ як бори дигар "авфи муҳоҷирон"-и қирғизистониро эълом кунад.

Вай дархосташро рӯзи 29 март дар мулоқот бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баён дошт. Мамитов бо Матвиенко дар шаҳри Алматои Қазоқистон мулоқот кард.

Раиси порлумони Қирғизистон ҳамчунин аз ҷониби Русия даъват кард, ки талабот нисбати ба муҳоҷирони қирғизистониро кам кунад.

Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, то 1 млн шаҳрванди Қирғизистон дар Русия кор мекунад. Бонки миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар соли 2021 муҳоҷирон ба кишвари худ 2,7 млрд доллар ирсол кардаанд.

Русия айни замон 76 ҳазор қирғизистониро ба рӯйхати сиёҳ шомил ва вуруди онҳоро ба ҳудуди худ манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG