Ссылки доступа

AI: Узбекистон кишваре бо озодиҳои маҳдуд боқӣ мондааст


Узбекистон - кишвари дорои озодиҳо, гирдиҳамоиҳо ва эътилофҳои маҳдуд боқӣ мондааст. Дар ин бора дар гузориши созмони ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International барои соли 2021 хабар дода шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки Узбекистон барои истифода накардани меҳнати маҷбурӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта ва пешгирии шиканҷа талош кардааст. Аммо истифодаи шиканҷа дар Узбекистон ҳамоно идома дорад.

Amnesty International мегӯяд, дар зиндонҳои Узбекистон ҳадди ақал 2 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад, ки бо ангезаҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд.

Созмони мазкур ҳамчунин гуфтааст, ворид кардани моддаи нав ба Кодекси ҷиноии Узбекистон дар бораи "таҳқири президент", ки маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ мекунад, мумкин аст, барои таъқиби рӯзноманигорони мустақил ва блогерҳо истифода шавад.

Расонаҳои байналхалқӣ аз бадтар шудани вазъи озодии баён ва расонаҳо дар Узбекистон хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG