Ссылки доступа

Дар охири сол дар Туркманистон аҳолиро мешуморанд


Брошюра по результатам переписи населения Туркменистана 1995 года.
Брошюра по результатам переписи населения Туркменистана 1995 года.

Шумориши аҳолӣ ва бунёди манзил дар Туркманистон рӯзҳои 17-27 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар ин бора расонаҳои давлатии он кишвар хабар доданд.

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, дар маъракаи шумориши аҳолӣ нишондодҳои демографие, аз қабили вазъи иқтисодии шаҳрвандон, аз ҷумла манбаи даромади онҳо, сатҳи шуғли онҳо, сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон, забони модарӣ, таркиби миллӣ, шароити зиндагӣ ва дигар нишондод омӯхта мешавад.

Бори охир дар он кишвар шумориши аҳолӣ ва бунёди манзил соли 2012 баргузор, аммо натиҷаҳояш оммавӣ нашуд.

Дар соли 2015 расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки бино ба маъракаи шумориши аҳолӣ дар соли 2012, дар Туркманистон 4 миллиону 751 ҳазору 120 кас зиндагӣ дорад. Ҳамчунин шумориши аҳолӣ нишон додааст, ки 85,6 дарсади сокинон туркман, 5,8 дарсад узбек ва 5,1 дарсади дигар русҳову намояндагони миллатҳои дигар будаанд.

XS
SM
MD
LG