Ссылки доступа

Вазири умури хориҷии Қирғизистон дар бораи таҳримҳои зидди Русия


Вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев, ки имрӯзҳо дар Форуми энергетикӣ дар Олмон иштирок мекунад, бо расонаи "Deutsche Welle" (DW) дар бораи ҷанги Украина, оқибатҳои он ва муносибатҳои кишвараш бо Русия суҳбат кардааст.

Қазоқбоев дар посух ба суол дар бораи оқибати таҳримҳо алайҳи Русия гуфта, ки Қирғизистон аз амнияти энергетикӣ ва ғизоии худ нигарон аст.

"Аллакай номуътадилӣ дар нархҳо дида мешавад. Мо ҳоло намедонем, нархи маҳсулоти энергетикие, ки аз ҳамсоякишварҳои худ, бахусус Русия ворид месозем, чи гуна тағйир меёбад. Бар асоси пешбиниҳои мо, суқути иқтисод шояд 5 то 10 дарсадро ташкил диҳад", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи вай, суқути иқтисоди Русия ба далели таҳримҳо барои муҳоҷирони Қирғизистон дар он кишвар мушкилотеро ба миён меорад, аммо "дар умум тағйироти фоҷевие нахоҳад шуд". Як қисми муҳоҷирони қирғиз аллакай кори нав меҷӯянд ва маҳалли зисти худро дигар мекунанд.

XS
SM
MD
LG