Ссылки доступа

HRW аз Қирғизистон хост, таъқиби рӯзноманигорони мустақил ва расонаҳоро қатъ кунад


Human Rights Watch аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки таъқиби рӯзноманигорони мустақил ва расонаҳоро қатъ кунанд.

Ин даъвати созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ дар сомонааш нашр шудааст.

Дар изҳороти созмон аз таъқиби ҷиноии телевизиони Next TV ва парвандаи ҷиноӣ нисбати сомонаи Kaktus.Media, инчунин таъқиби рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров ёд шудааст.

"Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, озодии баёнро ҳифз мекунанд, аммо талош доранд, ки тавассути парвандаҳои ҷиноӣ расонаҳои мустақилро пахш кунанд", - гуфт Сийнат Султоналиева, пажуҳишгари HRW.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 3 март нисбати Next TV парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Телевизион дар ангехтани бадбинии миллӣ айбдор мешавад. Таалай Дуйшембиев, мудири телевизион аз сӯи додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек фаъолияти телевизионро боз дошт.

XS
SM
MD
LG