Ссылки доступа

Мусалмонҳо ба рӯза омода мешаванд: 2 апрел оғози Рамазон


Дар Узбекистон рӯзи 31 март қарор "Дар бораи ба таври шоиста гузаронидани моҳи мубораки Рамазон" қабул шуд.

Дар қарори мазкур, ки аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шуд, дар бораи оғози моҳи Рамазон, ҳамкории Кумитаи кор бо дин бо ниҳодҳои дигар дар мавриди ба таври шоиста ва дар руҳияи арзишҳои миллӣ гузаронидани ин моҳ дастур шудааст.

Рамазони имсол 30 рӯз давом карда, рӯзи 2 май пойни моҳ - Иди Рамазон таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG