Ссылки доступа

Вазири қазоқ гуфт, ба чорвоҳои биманашуда ҷуброн намедиҳанд


Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев гуфт, барои чорвоҳое, ки бима нашуда буданду дар натиҷаи омадани сел ҳалок гаштанд, ҷубронпулӣ пардохт карда намешавад.

"Дар қонунгузорӣ барои чорвоҳои биманашуда ҷубронпулӣ пешбинӣ нашудааст ва давлат ҳам ҷуброн пардохт намекунад", - изҳор дошт вазири қазоқ 5 апрел дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Дар Қазоқистон аз тирамоҳи соли 2020 низоми бимаи чорвоҳо ҷорӣ шудааст. Бар асоси қоида, Вазорати кишоварзии Қазоқистон барои чорвоҳое, ки аз сияроти беморӣ ё дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода ҳалок мешаванд, ҷуброн пардохт мекунад.

Соли равон дар минтақаҳои шимолу ғарби Қазоқистон чандин бор сел омада буд. Ин обхезиҳо танҳо дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ 600 хонаводаро маҷбур карданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Дар натиҷа беш аз 100 чорвои ин хонаводаҳо ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG