"Комисия ирсоли маблағҳо ба хориҷро таҳлил мекунад, роҳҳои бозгардонии маблағҳо аз хориҷ ба кишвар омӯхта мешавад, чораҳои пешгирикунанда роҳандозӣ мегардад", - омадааст дар хабаре, ки сомонаи ҳукумати Қазоқистон онро нашр кард.
Ба суол дар бораи ин ки оё маблағҳое ҳам боз гардонида мешаванд, ки аз ҷониби хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба хориҷ бурда шуда буданд, муовини сарвазири он кишвар Ерулан Жамаубоев ва вазири иқтисоди Қазоқистон Алибек Куантиров посухи рушан надоданд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳанӯз 7 феврал гуфта буд, ки маблағҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдашуда бояд бозпас гардонида шаванд.