Ссылки доступа

Додгоҳи олии Узбекистон хост, блогер Отабек Сатторӣ дар зиндон бимонад


Қарори додгоҳи ноҳияи Музрободи вилояти Сурхандарёи он кишвар, ки блогер Отабек Сатториро 6,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, бетағйир гузошта шуд.

Сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов 5 апрел хабар дод, ки ин ниҳод қарори додгоҳи Музрободро бетағйир гузоштааст.

Додгоҳи Музробод Отабек Сатториро бар пояи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста, 6,5 сол зиндонӣ кард. Додситон қаблан барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кард.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG