Ссылки доступа

The Diplomat: Узбекистон роҳҳои нави тиҷорӣ дар ҷанубро ҷустуҷӯ дорад


Нашрияи "The Diplomat" навиштааст, ки Узбекистон дар ҳоли ҳозир ба боз шудани роҳҳои тиҷорӣ ва савдо тариқи кишварҳои ҷанубии худ авлавият медиҳад.

Манбаъ афзудааст, ки ҳарчанд Русия шарики асосии тиҷории Узбекистон маҳсуб ҳам шавад,Тошканд вақтҳои ахир ба ҳамсояҳои ҷанубии худ бештар таваҷҷуҳ менамояд. Аз ин рӯ, дастрасӣ ба бандарҳои баҳрии Покистон барои Узбекистон хеле муҳим мебошад.

Узбекистон ва Покистон моҳи марти соли 2022 созишномаи тиҷоратии имтиёзнокро барои коҳиш додани боҷҳо ба даҳҳо коло имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқ, ду кишвар ҷамъан 34 навъи маҳсулотро аз 20 то 100 дарсад аз боҷи гумрукӣ озод намуданд.

Ҳамчунин ду кишвар моҳи июли соли гузашта созишномаи тиҷории транзитиро имзо карданд. Мошинҳои боркаши Узбекистон тибқи ин созишнома, метавонанд молро тариқи Афғонистон мустақиман ба бандарҳои Карочӣ, Бинқосим ва Гвадари Покистон расонанд.

"The Diplomat" менависад, ки ҳаводиси ахир дар Қазоқистон ва Украина нигаронии Тошкандро ба бор оварда буд. Аз ҷумла, ҷанг дар Украина президенти Узбекистонро водор карда, ки рӯй ба ҷануб биорад.

XS
SM
MD
LG