Ссылки доступа

Ба мактаби паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 80 ҳазор доллар кумак карданд (видео)


​​Як созмони ҷамъиятии амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳаҷми беш аз 80 ҳазор доллар ба ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Мактаби афғонии "Сомониён" пас аз тағйири ҳукумат дар Афғонистон ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуд. Он эълом дошт, ки бе мадади донорҳо корашро давом дода наметавонад.

Зак Баззӣ, намояндаи "Spirit of America", рӯзи якуми апрел ҳангоми як нишаст дар Душанбе гуфт, бо пешниҳоди чунин кӯмакҳо мехоҳанд афғонистониёни муқими Тоҷикистон дар шароити беҳтаре таҳсили худро идома диҳанд. "Ман аз худи Амрико роҳи тулониро тай кардам, то имрӯз бо омӯзгорону шогирдон вохураму ҳамсӯҳбат шавам, ин барои ман илҳоми тозаеро бахшид. Имрӯз мо якҷо ҳастем, чӣ духтарону чӣ писароне, ки ба ин ҷо омадаанд, аз чӣ душвориҳое гузаштанд ва ин ҷо низ устутвории шуморо дида истодаем",--афзуд, ӯ.

Ин кумаки "Spirit of America" барои 12 моҳ пешбинӣ шудааст. Намояндагони созмон гуфтанд, пас аз анҷоми муҳлат, пешниҳоди кӯмакҳоро қатъ нахоҳанд кард. Ба қавли Зак Баззӣ, онҳо тасмим гирифтаанд, ки соли оянда низ дар ҳаҷми 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба мактаби "Сомониён" кӯмак расонанд.

Мактаби "Сомониён" дар шаҳри Душанбе, дар як бинои хусусӣ ҷойгир буда, иҷораи моҳонаи он беш аз ду ҳазор доллар аст. Бахше аз хонандагони ин мактаб аз навоҳии атрофи Душанбе ба ин ҷо меоянд ва дар гузашта аз харҷи роҳкиро изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ҳоло пули иҷораи мактаб, маблағи истифодаи Интернет ва нақлёт аз ҳисоби созмони "Spirit of America" пардохт мешавад.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби “Сомониён" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои идомаи корашон феълан ягона сармоягузори бузург ҳамин созмон аст. "Мо ба кумакҳои зиёд ниёз дорем, ба хотире, ки мо китоб надорем, феълан, ба китоб зарурат дорем, ба лабаратория зарурат дорем, дар бахши варзиши кумак зарур дорем. Ҳар касе, ки як дона рукча низ ба мо кӯмак кунад ташаккур мекунем",--гуфт ӯ.

Мактаби "Сомониён" беш аз 500 хонанда ва 35 омӯзгор дошта, пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ ва маоши муаллимон аз ҳисоби маблағи шартномаи хонандагон пешбинӣ шудааст. Қаблан масъулони мактаб гуфта буданд, ки ба таври муваққатӣ нархи шартномаи таҳсили хонандаҳо аз 100 сомонии пешина то 150 сомонӣ афзудааст.

Таҳсил дар ин мактаб бо хатти форсӣ, бар асоси барномаи таълимии Афғонистон, сурат мегирад. Баъзе аз фарзандони афғонистониҳои муқими Тоҷикистон дар мактабҳои дигар низ таҳсил мекунанд, аммо дар оғози таҳсил надонистани хатти сириллик ё кириллӣ яке аз мушкили онҳо будааст.

Моҳи августи соли гузашта пас аз он, ки Толибон дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд, маблағгузорӣ давлатӣ ба ин мактаб қатъ гардид.

Толибон баъди расидан ба қудрат ҳукумати худро эълон карданд ва духтарони аз синфи шашум болоро аз таҳсил дур намуданд. Ҳукумати эълоннамудаи онҳоро то ҳол ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст. Афғонистониёни муқими Тоҷикистон Толибонро барои роҳ надодани духтарон ба мактаб борҳо танқиду маҳкум карданд

Ба иттилои расмӣ, 15 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG