Ссылки доступа

Forbes: духтар ва домоди Назарбоев дар як сол ду миллиард доллар ба дороияшон афзудаанд


Динора ва Тимури Қулибоевҳо, духтар ва домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як соли охир ба дороияшон ду миллиард доллари дигар афзудаанд.

Дар соли 2022, ба иттилои маҷаллаи Forbes, дороии Қулибоевҳо ба 7,6 млрд доллар расида ва онҳо дар рӯйхати одамони сарватмани дунё дар мақоми 778-ум ҷо гирифтаанд.

Ба иттилои расонаҳо, Динораи 54-сола ва Тимури Қулибоеви 55-сола баҳрагирандагони ниҳоии маҷмаи "Алмэкс" ҳастанд, ки ин маҷмаа Бонки халқӣ - бузургтарин бонки тиҷории Қазоқистонро дар ихтиёр дорад. Қулибоевҳо ҳамчунин марказҳои тиҷорӣ ва дилхуширо дар ихтиёр доранд.

Соли 2021 Қулибоевҳо фурудгоҳи шаҳри Алматоро ба як ширкати туркӣ фурӯхтанд. Ҳаҷми ин хариду фурӯш 365 млн долларро ташкил дода буд.

Баъди ҳаводиси моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон хонаводаи Назарбоев ва афроди наздик ба ӯ мақомҳои худро аз даст доданд. Аз ҷумла, Тимур Қулибоев аз мақоми раисии президиуми палатаи соҳибкорони "Отамакон" барканор шуд. Динора Қулибоева дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Ба иттилои расонаҳо, вай дар хориҷ зиндагӣ дорад.

Динора Қулибоева дар соҳили баҳри Женева соҳиби ду манзили боҳашамат аст.

Расонаҳои олмонӣ моҳи феврали имсол навиштанд, ки Динораву шавҳараш дар Олмон як қаср ва ду меҳмонхона доранд, ки арзиши умумиашон 100 млн доллар аст.

XS
SM
MD
LG