Ссылки доступа

Қазоқистон аз 11 апрел маҳдудиятҳои равуои заминиро бекор мекунад


Қазоқистон маҳдудиятҳои равуои заминии марзҳояшон барои хориҷиҳо ва шаҳрвандони он кишвар шуруъ аз 11 апрел бекор мекунад. Ин тасмим дар робита ба муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон бо такя ба девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳанд.

Маҳдудиятҳо аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Русия, Узбекистон ва Қирғизистон бардошта мешаванд.

Пештар аз ин президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дархост кард, ки "масъалаи боз кардани равуои заминиро бо Қирғизистон ба таври мусбат баррасӣ кунад".

Дар посух ба дархости Ҷабборов Тоқаев гуфтааст, "ба мақомоти босалоҳияти кишвараш дастур медиҳад, ки ин масъаларо баррасӣ кунанд".

Равуо дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз баҳори соли 2020 маҳдуд буд. Шаҳрвандони Қирғизистон метавонистанд, ба Қазоқистон танҳо тариқи ҳавопаймо ворид шаванд. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Қазоқистон бидуни монеа ба Қирғизистон ворид мешуданд.

XS
SM
MD
LG