Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як гумонбар ба "пирамидаи молӣ" қасди худкушӣ кардааст


Яке аз гумонбарони парвандаи "пирамидаи молӣ" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар эътироз ба раванди тафтишот қасди худкушӣ кардааст.

Дар ин бора наздикони гумонбар ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додаанд. Пулиси маҳаллӣ ва додситонии Оқтеппа низ тасдиқ мекунанд, ки гумонбар ба ҷони худ қасд кардааст, вале намояндагони ин ниҳодҳо гуфтанд, "ҳоло ба ҷони ӯ чизе таҳдид намекунад".

Бино бар хабарҳо, Мейрхан Сактаганов 6 апрел ба боздоштгоҳи муваққатии Оқтеппа интиқол ёфта ва сипас ӯро ба беморхона бурдаанд.

Сактаганов, сухангӯи ширкати "Выгодный займ" аз зумраи 49 нафарест, ки бо гумони таъсиси "пирамидаи молӣ" дар Оқтеппа ва расонидани зарар ба маблағи 33 миллиард танга дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG