Ссылки доступа

СММ ширкати Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт


Маҷмаи СММ ба далели ҷанг дар Украина ширкати Русия дар Шӯрои ҳуқуқи инсон боздошт.

Дар қатъномае, ки ба овоздиҳӣ гузошта шуд, омадааст, ки низомиҳои Русия дар ҳудуди Украина ҳангоми ҷангҳо ҳуқуқи инсонро бераҳмона ва пайи ҳам помол кардаанд.

93 кишвар ба ҷонибдорӣ аз қатънома овоз доданд. 24 кишвар, ки миёнашон Чину Қазоқистон ҳастанд, зидди қатънома раъй доданд ва 58 кишвари дигар, аз ҷумла Ҳинд аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Пештар намояндагони Русия ҳамаи айбҳои марбут ба хушунаткорӣ нисбати сокинони осоиштаи Украинаро рад карда буданд.

Боз доштани узвият дар Шӯрои ҳуқуқи инсон кам иттифоқ меафтад. Бори охир дар соли 2011 ин ҳолат рух дода буд. Он замон иштироки Либиро ба далели хушунатҳои артиши Муаммар Қазофӣ зидди эътирозгарони осоишта, аз Шӯрои ҳуқуқи инсон берун карда буданд.

Москва акнун наметавонад, дар ҷаласаҳои Шӯро суханронӣ ва овоз диҳад, аммо намояндагонаш метавонад, дар ҷаласаҳо ҳузур дошта бошанд.

Аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон барои се сол интихоб мешаванд. Русия ва Украина барои солҳои 2021-2023 ба узвияти Шӯро қабул шуда буданд.

Шоми 2 апрел расонаҳо аз пайдо шудани ҷасади сокинон дар кӯчаҳои Бучаи Украина хабар доданд. Ин шаҳр бештар аз 1 моҳ таҳти ишғоли неруҳои Русия буд. Неруҳои Украина баъди ақибнишинии артиши Русия шаҳрро бозпас гирифт. Баъди ақибнишинии русҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки дар онҳо дида мешавад, кӯчаҳои Буча пур аз ҷасади сокинони осоишта аст.

Мақомоти Украина гуфтанд, артиши Русия сокинони осоиштаро куштааст.

Вазорати мудофиаи Русия ин айбро рад мекунад. Дар изҳороти вазорати мудофиаи Русия омадааст, ки ҳамаи аксҳову наворҳо иғвогарона буда, "аз сӯи режими Киев ва расонаҳои ғарбӣ сохтакорӣ шудаанд".

XS
SM
MD
LG