Ссылки доступа

Комил Алламҷонов муассиси Uzmetronom-ро ба додгоҳ кашид


Комил Алламжонов.
Комил Алламжонов.

Соҳибкор ва роҳбари Бунёди рушди расонаҳои Узбекистон Комил Алламҷонов нисбати муассиси сомонаи Uzmetronom.com Сергей Ежков шикоят кардааст.

"21 феврали соли ҷорӣ Сергей Ежков дар сомонаи Uzmetronom.com мақолаи таҳқиромези "Писари алмосӣ"-ро нашр ва ошкоро маро дар даст доштан дар ғайриқонунӣ ворид кардани алмос ба маблағи 4,2 млн доллар айбдор кард", - навишт Алламҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

"Ман ибтидо хомӯшӣ ихтиёр кардам, аммо баъди машварт бо ҳуқуқшиносон тасмим гирифтам, ки аз боло Ежков шикоят кунам", - афзуд Комил Алламҷонов.

Тоҷир ҳамчунин навишт, ки омода аст, дар тафтишот ва додгоҳ ба суолҳо посух диҳад ва бегуноҳии худро собит созад.

Дар мақолаи "Писари алмосӣ" навишта шудааст, ки рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ бо ҳавопаймои "Аэрофлот" аз Москва тарроҳ Ҷулетта Гурман ба Тошканд омада, талош кардааст, ки алмосеро бо қимати 4,2 млн доллар ба Узбекистон ворид созад.

"Ҷулетта ором буд, зеро ба вай ваъда карда буданд, ки афроди бонуфуз ӯро дар фурудгоҳ пешвоз ва алмосро мегиранд. Аммо тарроҳро кормандони гумруки Узбекистон бо чеҳраҳо ҷиддӣ кофтукоб карданд", - навишта шудааст дар матлаб.

XS
SM
MD
LG