Ссылки доступа

Волидонашонро дар Афғонистон куштанд. Худашон дар Тоҷикистон азоб мекашанд (видео)


Судьба трех детей из Согда: родителей убили в Афганистане, но рассчитывать на поддержку государства не могут
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:14 0:00

Се наврас аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки падару модарашон дар ҷангҳои Афғонистон кушта шудаанд, талош доранд, санади расмии марги волидонро аз мақомот дастрас кунанд.

Танҳо дар ин сурат онҳо ятим эътироф мешаванд ва давлат барояшон кумак хоҳад кард. Ҳоло дар хонаи бобову бибӣ зиндагии сахте доранд.​

Абдулло шоҳидӣ дод, ки падару модараш кушта шудаанд

Наҷмиддин ва Муноҷот, ду сокини ноҳияи Спитамен ба Покистон ва баъдан ба Афғонистон рафтаанд. Соли 2017 хабари марги онҳо расидааст. Абдулло ва Раҳима, фарзандони онҳо хурд буданд, ки ҳамроҳ падару модар ба Покистон рафтанд. Хоҳари хурдиашон, Ҷамила, онҷо таваллуд шудааст.

Ду хоҳар бо сабаби хурдсолӣ ваҳшати ҷангро наметавонанд нақл кунанд, вале Абдулло, ки нисбатан калонтар аст, даҳшати он рӯзҳоро ёд дорад. “Бисёр ҷангу ҷидолҳо мешуд. Рости гап, хуб дар хотир надорам, ки чиҳо мешуд, вале фақат барои зиндагӣ кардан ҳаракат мекардем. Намедонам падару модарам чаро ба онҷо рафтанд. Чаро аз ҷое, ки зиндагӣ кардан осон буд баромада ба ҷое рафтем, ки зиндагӣ кардан хеле душвор гашт. Ба ҳамин хеле ҳайрон ҳастам”,--гуят Абдуллоҷон Ҳошимов.

Ӯ ба мақомот шоҳидӣ додааст, ки падару модараш кушта шудаанд. То куҷо мақомот ба ӯ бовар кардаанд, маълум нест.

Ба нақли пайвандон, ин оиларо бо роҳи мағзшӯӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия соли 2012 аввал ба Покистон ва баъд ба Афғонистон бурдаанд. Номи онҳоро мақомоти қудратии Тоҷикистон дар феҳрасти аъзоёни гуруҳи терористии Ансоруллоҳ ҷой додааст, ки зидди ҳукумати Афғонистон ҷангидаанд.

Кӯдакон мегӯянд, волидайнашонро тақрибан соли 2017 куштаанд ва онҳоро дигарон ба фарзандхонӣ гирифта буданд.

Ёқубхон Ҳошимов, бобои ин наврасон гуфт: “Соли 2019 ба Бадахшони Афғонистон рафтам ва 10 рӯз истодам. Бо ёрии консулгарии Тоҷикистон ба онҷо рафтам. Намедонам кӣ дахолат кард, вале даҳум рӯз бо ёрии консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон набераҳоямро ёфтам.”

Абдулло ба ғайр аз таъсири бади равонӣ аз ҷангҳои Афғонистон аз ду пояш низ маҳрум шудааст. Ба нақли худи ӯ, вақте падару модараш кушта мешаванд, вай чанд муддат дар баландкӯҳҳои Бадахшони Афғонистон сарсону овора шуда, аз сардӣ ба бемории тарбод гирифтор гаштааст.

Табибони афғон аз зону поёни ӯро мебуранд. Ҳоло аз ин наврасони ятиммонда танҳо Абдулло 275 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад, вале бобову бибии бознишастаи наврасон мегӯянд ба кумаки бештар ниёз доранд.

“Барои ятим буданашон бояд нафақа ҳамроҳ кунанд. Лекин ҳамроҳ накарданд. Ман ба додгоҳ ҳам рафтам, ба ҳокимият ҳам рафтам ва ба ҳар ҷое лозим шуд, муроҷиат намудам, онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки барои фавти падару модараш як санад лозим аст. Лекин аз ҳеҷҷо инхел санадро гирифта наметавонам ва ҳеҷ кас ҳам намедиҳад.”,--гуфт Ёқубхон Ҳошимов, бобои наврасон.

Ҳоло ин хонавода тавассути ҷамъияти кумакрасони Ҳилоли Аҳмар кушиш доранд, санади фавти Наҷмиддин ва Муноҷотро дастрас кунанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, 37 сокини ноҳияи Спитаменро ошкор кардаанд, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, вале сарнавишташон маълум нест. Танҳо аз ҷамоати Тағояк, зодгоҳи оилаи Ҳошимовҳо, 11 нафар ба Ироқу Сурия рафтаанд. Бархе аз онҳо ҳамсару фарзандонашонро низ ҳамроҳи худ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG