Ссылки доступа

Ҷасади як низомии қазоқистониро дар наздикии марзи Қирғизистон пайдо карданд


Мақомоти пулиси Қирғизистон хабар доданд, ки шоми 10 апрел дар наздикии марзи ин кишвар бо Қазоқистон ҷасади марди 20-25-сола пайдо шудааст.

Гуруҳи тафтишотие, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, ҷасади сарбозро пайдо кард, ки худро овехтааст.

Гуруҳи тафтишотӣ муайян кард, ки сарбоз Б.У., соли таваллудаш 2003, шаҳрванди Қазоқистон буда, дар неруҳои мусаллаҳи он кишвар адо хидмат мекард.

Расонаҳои Қазоқистон аз қавли падари сарбоз навиштанд, ки вай ба падараш мудовим занг зада, маблағ мехостааст.

Сомонаи tengrinews.kz навишт, ки сарбозро бештар аз як моҳ мекофтанд.

XS
SM
MD
LG