Ссылки доступа

Украина мумкин аст, мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупоро моҳи июн соҳиб шавад


Украина мумкин аст, мақоми узвияти ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири Украина Олга Стефанишина хабар дод.

"Украина суолнома (анкета)-ро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем", - навишт Стефанишина дар твиттер.

Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен рӯзи 8 апрел бо президенти Украина Владимип Зеленский дар Киев мулоқот кард ва суолномаро барои шуруъи гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.

"Роҳи шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кутоҳе хоҳад буд", - гуфт раиси Комисияи Аврупо.

XS
SM
MD
LG