Ба иттилои хадамоти матбуотии ширкат, ҳавопаймо 11 апрел тибқи ҷадвал, аз шаҳри Минск ба самти шаҳри Тошканд парвоз карда буд.
"Аммо ҳангоми қарор доштанаш дар осмони Русия хабар расид, ки гӯиё он бомбгузорӣ шудааст. Ин хабарро шахси номаълум ба почтаи электронии ширкат фиристодааст", - афзудааст "Uzbekistan Airways".
Дар натиҷа халабонҳо тасмим гирифтанд, ки барои санҷиш дар фурудгоҳи Русия ба замин нишинанд.
Манбаъ афзуда, ки хабари бомгузорӣ шудани ҳавопаймо дуруғ баромада, ҳамаи мусофирон дар амн ҳастанд.