Ссылки доступа

Муҳаррири Шабакаи аввали Русия баъди ронда шудан аз кор хабарнигори нашрияи олмонии Die Welt шуд


Муҳаррири пешини Шабакаи аввали телевизиони Русия Марина Овсянникова, ки дар пахши мустақими барномаи "Врем" зидди ҳамлаи Русия ба Украина эътироз карда буд, дар нашрияи олмонии Die Welt ба кор пазируфта шуд.

Овсянникова дар нашрия дидгоҳ хоҳад навишт ва дар таҳияи хабарҳои марбут ба Русияву Украина ширкат хоҳад кард.

Die Welt нахустин дидгоҳи Марина Овсянниковаро нашр кард, ки дар он хабарнигор аз таҳқиру дашнома шуниданаш баъди эътироз дар пахши мустақим нақл кардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабар дода намешавад, ки Марина Овсянникова Русияро тарк кардааст ё на. Пештар вай гуфта буд, ки тасмими тарки кишварашро надорад, ҳарчанд "хеле тарс дорад".

Дар пайи ин қазия раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин рӯзи душанбе гуфт, шаҳрвандии русиягиҳое бекор карда шавад, ки аз "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина ҳимоят намекунанд ва "рафтори баду хоинона доранд".

Марина Овсянниковаро баъди он эътироз 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Шоми 14 март вай дар пахши мустақими барномаи хабарии "Время" шиори зиддиҷангии "Ҷангро манъ кунед, ба таблиғот дода нашавед, инҷо ба шумо дурӯғ мегӯянд" нишон дод.

Овсянниковаро дар ташкили эътирози ғайриқонунӣ айбдор карданд.

Марина Овсянникова вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шуда буд, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".

Русия 24 феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG