Ссылки доступа

Қатораҳои мусофиркаш аз Қирғизистон ба Москва то соли 2023 ҳаракат нахоҳанд кард


Мудири корхонаи "Роҳи оҳани Қирғизистон" Азамат Соқиев рӯзи 12 апрел гуфт, ки то соли 2023 тариқи роҳи оҳан аз Қирғизистон ба Русия мусофир бурда нахоҳад шуд.

Вай илова кард, гуфтугӯҳо бо ҷониби Русия идома доранд ва бархе аз шаҳрҳои Русия барои ҳамлу нақли мусофирон иҷоза додаанд.

"Фикр мекунам, то охири моҳи апрел равуоро дар бархе аз самтҳо фаъол мегардонем. Айни замон аз шаҳри Бишкек ба Самара, Қазон ва Новосибирск иҷозаи ҳаракат ҳаст. Рӯзи 5 апрел ҳамкорони мо дар Москва гуфтугӯ доштанд, аммо дар Москва ҳоло таҷдиди роҳи оҳан идома дорад ва ҳаракати қатораҳо аз кишварҳои дигар низ манъ шудааст. То соли 2023 тариқи роҳи оҳан ба шаҳри Москва мусофиркашонӣ сурат нахоҳад гирифт", - гуфт Соқиев.

Шуруъ аз 25 марти соли 2020 дар робита ба паҳншавии вабои коронавирус равуои қатораҳои мусофиркашонӣ аз Қирғизистон ба Русия манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG