Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди сӯзонидани партовҳо ҳастанд


Фаъолони мадании Қазоқистон 12 апрел баррасии оммавии тарҳи бунёди корхонаҳои коркарди партовро дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа, Чимкент ва Қарағанда оғоз карданд.

Созмондиҳандагони баррасӣ гуфтанд, ба далели кам огаҳ будани сокинон дар бораи тарҳи санҷишии корхонаҳои партовсӯзӣ ва гуш надодани мақомот ба суханони экологҳо даст ба ин иқдом задаанд.

Ба гуфтаи экологҳо, ин тарҳи мақомоти Қазоқистон хатарнок ва хисоротовар мебошад.

"Сӯзондани партов кори хатарноке аст. Низоми идораи партовҳои мо бояд аз сӯзонидани партовҳо дар партовгоҳҳо пешгирӣ карда, раванди коркарди онҳоро афзоиш диҳад", - изҳор дошт Юлия Душкина, сардори департаменти тарҳ дар бораи партов ва амнияти кимиёӣ дар Маркази "Мусоидат ба рушди устувор".

Ба гуфтаи экологҳои қазоқ, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки коркарди 80 дарсади партовҳо имкон дорад. Онҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки партовҳоро ба ҷои сӯзонидан коркард кунанд.

XS
SM
MD
LG