Ссылки доступа

Пентагон ба Киев чархбол ва мошинҳои низомӣ мефиристад


Пентагон имкони ирсоли чархболҳои навъи Ми-17 ва мошинҳои низомии навъи Humvee ба Украинаро баррасӣ дорад.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо такя ба манбааш дар Кохи сафеди ИМА иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаи нашрия, бастаи нави кӯмакҳои низомии ИМА ба Киев 750 млн доллар арзёбӣ мешавад. Нашрия менависад, дар ин бастаи кӯмакҳо ба ҷуз аз чархболу мошинҳои низомӣ навъи дигари аслиҳаву абзори ҷангӣ шомил аст.

Ҳафтаи гузашта Сенати ИМА тарҳи қонунеро бо иттифоқи оро қабул кард, ки он тарҳ ба президент Ҷо Байден имкон медиҳад, аз усули содашудаи ирсоли кӯмакҳои низомӣ ба Украина ва кишварҳои Аврупои шарқӣ истифода барад.

XS
SM
MD
LG