Дар маркази матбуотии девони вазирони Қирғизистон хабар доданд, ин меъёр аз соли 2025 амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, қабули чунин қонун риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро беҳтар ва амнияти иҷтимоиро пурзуртар мегардонад ва ҳамчунин дар ҳалли баҳсҳо ҳангоми садамаҳои нақлиёт кӯмак мерасонад.
Дар соли 2021 дар Қирғизистон 7 ҳазору 437 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки нисбати соли 2020 21,3 фоиз бештар арзёбӣ мешавад. Дар садамаҳои соли 2021 наздики 800 кас кушта шудааст. Коршиносон мегӯянд, ин нишондод барои кишваре, ки 6,5 миллион аҳолӣ дорад, хеле зиёд аст.