Ссылки доступа

Оҷонси мубориза зидди фасоди Узбекистон фаъолияти шаҳрдори Тошкандро санҷидааст


Оҷонси мубориза зидди фасоди Узбекистон ба суолҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи ниҳодҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки "фармони раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро оид ба шаффофият иҷро намекунанд", посух дод.

Сардори оҷонс Акмал Бурҳонов 19 март гуфт, "бештари муассисаву корхонаҳои давлатӣ фармони президент дар бораи шаффофиятро иҷро намекунанд".

Ба гуфтаи ӯ, аз 135 муассиса ва корхонаи давлатӣ 80 тои онҳо дар равзанаи ягона маълумот нашр накардаанд. Ҳамчунин 88 корхона маълумот дар бораи харҷи сафарҳои хидматӣ ва қабули меҳмонҳои хориҷиро сари вақт ошкор накардаанд.

Сухангӯи сардори Оҷонси мубориза зидди фасди Узбекистон Дурдона Мунавварова мегӯяд, дар қонунгузории он кишвар фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла дар ихтиёр доштани саҳмияҳои ширкате ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ дарҷ карда нашудааст.

Ба огаҳии оҷонс, дар рафти санҷиш муайян шудааст, ки вазири сохтмони Узбекистон Б. Зокиров ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев мустақиман бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд ва сохторҳои иҷроияи соҳибкориро раҳбарӣ намекунанд.

XS
SM
MD
LG