Ссылки доступа

Русия гуфт, беш аз 1000 нерӯи дарёии Украина таслим шудаанд. Чанд роҳбар ба назди Зеленский рафтанд


Вазорати мудофиаи Русия иддао дорад, ки беш аз 1000 нерӯи дарёии Украина дар бандари муҳосирашудаи Мариупол ба Русия таслим шудаанд.

Мақомоти украинӣ гуфтаанд, наметавонанд, хабарро тасдиқ кунанд ё шарҳе бидиҳанд. Дар сурати таъйиди иттилоъ, ин зарбае ба талошҳои Украина барои нигоҳ доштани Мариупол аз оғози ҳамлаи Русия ба ин кишвар аст.

Телевизиони давлатии Русия рӯзи 13-уми апрел навори сарбозонеро нишон дод, ки дастҳои худро боло кардаанд. Дар навор гуфта мешавад, нерӯҳои баҳрии Украина таслим шуданд. Видео бештар дар саҳифаҳои блогерони рӯ ба Кремл мечархад. Дурустии онро мустақилона тафтиш кардан имкон надорад.

“Дар шаҳри Мариупол... 1026 низомии украинӣ ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шуданд,” – гуфт Вазорати дифои Русия.

Дафтари президент Владимир Зеленский ва Вазорати дифои Украина ба пурсишҳо дар ин бора зуд посух надоданд. Хабаргузории Reuters аз қавли як сухангӯи Вазорати дифоъ гуфтааст, дар бораи дуруст будани ин хабар маълумот надоранд.

Вадим Денисенко, ёвари вазири корҳои дохилии Украина, иддаои Русияро рад кард. Вай дар суҳбат бо телевизиони “Настояшее Время” гуфт, ин хабарро артиши Украина таъйид намекунад.

Алексей Арестович, ёвари дигари Зеленский, дар Фейсбук изҳороти фарқкунанда дод. Ба қавли ӯ, нерӯҳои дарёӣ хатти ҷангро шикаста, ба ҷузъу томҳои баталёни Азов, як қисми низомӣ, ки барои дифоъ аз шаҳр меҷангад, пайвастааст.

Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои дарёии Украина дар Корхонаи оҳани Илйич таслим шуда, 151 сарбози захмиро барои муолиҷа ба бемористони Мариупол бурданд. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, низ рӯзи 13-уми апрел гуфт, беш аз 1000 сарбози дарёии украинӣ таслим шуданд.

Айни замон коршиносони байнулмилалӣ аз истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ дар Мариупол изҳори нигаронӣ кардаанд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар суханронии шаби 12-уми апрел гуфт, "дар ҳоле ки коршиносон талош мекунанд, ин моддаро бишиносанд”, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар суханронии шаби гузаштаи худ гуфт, нишонаҳое дар бораи рафтори ғайриинсонӣ нисбат ба занон ва кӯдакон дар Буча ва минтақаҳои дигари атрофи Киев, ошкор шудааст, аз ҷумла мавридҳои таҷовузи ҷинсӣ.

Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина, гуфт, эҳтимол он силоҳи фосфорӣ аст, ки ҷузъи силоҳҳои кимиёвӣ табақабандӣ намешавад ва дар Мариупол истифода шуд.

Нерӯҳои русӣ дар марҳилаи аввали ҷанг ноком шуда, натавонистанд, Киев ё дигар шаҳрҳои Украинаро тасарруф кунанд. Нерӯҳои Украина, ки бо силоҳҳои ғарбӣ муҷаҳҳаз мебошанд, муқовимати сахт нишон доданд.

Фармондеҳони низомии Русия ҳоло нерӯҳоро ба минтақаи Донбасс, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар онҷо ҷанг идома дорад, интиқол медиҳанд. Ин минтақа бо Русия ҳаммарз аст. Ба ин маънӣ, ки таъмин ва такмили нерӯҳо осонтар хоҳад буд.

Дар ҳоле ки корвонҳои низомии Русия аз чанд самт ба тарафи Донбасс ҳаракат доранд, як мақоми баландпояи Украина рӯзи 13-уми апрел гуфт, барои берун бурдани ғайринизомиён гузаргоҳҳои амн вуҷуд надорад.

Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, дар изҳороте дар Telegram нерӯҳои Русияро ба муроот накардани шартҳои созишнома дар бораи кӯч додани мардуми одӣ муттаҳам кард. Вай гуфт, “русҳо дар вилояти Запорожйе роҳи мусофирбарҳоро бастанд ва дар вилояти Луҳанск оташбасро вайрон мекунанд.”

Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ваъда дода буд, ки амалиёти низомиро идома медиҳад ва тамаркуз сари шарқи Украина хоҳад буд. Русия бинобар ин ҳамла ба таҳримҳои Ғарб рӯбарӯ шудааст ва интизор меравад, иқтисоди он дар соли ҷорӣ ба таври амиқ таназзул кунад.

Ӯ рӯзи 12-уми апрел дар ҳоле бо президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбат мекард, гуфт, Русия ба ҷуз аз ҳамла "интихоби дигар надошт" ва афзуд, ҳадаф ҳимояти мардуми қисматҳои шарқии Украина ва "кафолати амнияти худи Русия" буд.

Путин ваъда супурдааст, ки амалиёт то расидан ба ҳадафҳои муайяншуда идома хоҳад дошт.

Дар Амрико президент Ҷо Байден барои аввалин бор ҷанги Русияро "наслкушӣ" хонд. Байден пеш аз ин дар посух ба суоли хабарнигорон, ки пурсида буданд оё куштор дар Буча ба маънои наслкушӣ аст, гуфта буд, "на, ман фикр мекунам як ҷинояти ҷангӣ аст."

Ӯ афзуд, қонунгузорон метавонанд тасмим бигиранд, ки оё ин наслкушӣ аст ё не. "Аммо мутмаинан ба назари ман ҳамин тавр аст".

Дар Вашингтон як мақоми баландпояи Вазорати дифои Амрико гуфт, ки ҳукумати Байден дар ҳоли омодасозии бастаи дигаре аз ёриҳои низомӣ аст, ки эҳтимолан 750 миллион доллар мебошад. Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Пентагон ҳамчунин қарор аст рӯзи 13-уми апрел бо тавлидкунандагони маъруфи аслиҳа дар Амрико нишасте баргузор кунад, то дар бораи силоҳҳои нав барои кумак ба Украина баҳс кунад.

Аз ҷумлаи силоҳҳои Амрико ва НАТО, ки ба гуфтаи коршиносон кумаки зиёде ба украиниҳо кардааст, мушакҳои зидди танкии Javelin, мушакҳои зиддиҳавоии Stinger ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Switchblade ҳастанд. Нерӯҳои украинӣ ҳамчунин дигар таҳҷизоти пешрафтаи ҷангӣ дарёфт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Лаҳистон ва сарони се кишвари Балтика рӯзи 13-уми апрел барои ҳимоят аз ҳукумати Зеленский ба Киев сафар карданд.

XS
SM
MD
LG