Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргарони як корхона бо талаби маоши бештар се ҳафта гирдиҳамоӣ доранд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати коммуналии "Тазалик-С" ҳафтаи севум аст, ки бо талаби маоши бештар ва беҳсозии шароити корӣ гирдиҳамоӣ доранд.

66 коргари ширкат, ки ба ҷамъоварии партови шаҳр машғул ҳастанд, сар аз 30 март корпартоӣ мекунанд.

"Мо 70-80 ҳазор танга (наздики 160 доллар) маош мегирем. Барои харҷи зиндагӣ намерасад. Мо ҳам маоши хуб мехоҳем. Ҳамаи партови зиёновари шаҳрро мо бо даст ҷамъ мекунем", - гуфт Гулнор Айбергенова, яке аз эътирозгарон. Ба гуфтаи вай, коргарон афзоиши сад дарсадии музди меҳнатро талаб доранд.

Серик Табинбоев, мудири ширкати "Тазалик-С" гуфт, ки ширкат омода аст, музди меҳнати коргаронро 10 дарсад афзоиш диҳад, аммо коргарон ба ин розӣ нестанд.

"Мо наметавонем, музди коргаронро якбора 100 дарсад афзоиш диҳем. Баъди он ки моратория эълом шуд, тарофаҳо барои партов афзоиш наёфтаанд", - гуфт Табинбоев.

Ширкати "Тозалик-С" 219 коргар дорад.

XS
SM
MD
LG