Ссылки доступа

Додгоҳи шаҳри Алмато мухолифи қазоқистонӣ Мамайро аз ҳабс озод накард


Мухолифи қазоқистонӣ Жанболат Мамай, ки бо айби "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои нодуруст" боздошт шудааст, бо қарори додгоҳи шаҳри Алмато дар ҳабс боқӣ монд.

Вакилони мудофеи Мамай рӯзи чаҳоршанбеи 13 апрел аз додгоҳ хоста буданд, ки ӯро аз ҳабс озод кунад.

Мамайи 33-сола, роҳбари Ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон ба далели парвандҳои бозшуда аз миёнаҳои моҳи март дар ҳабси пешакӣ аст. Ҷонибдорони Мамай парвандаҳоро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд.

Мамай, ки бо танқидҳои сахташ аз ҳукумати Қазоқистон маъруф аст, талош дошт Ҳизби демократии Қазоқистонро сабти ном кунад. Аммо бо монеагузориҳо аз сӯи мақомоти давлатӣ рӯ ба рӯ шуд.

XS
SM
MD
LG