Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ пушти дари сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон


Даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 14 апрел пушти дари сафорати Тоҷикистон дар он шаҳр гирдиҳамоӣ карданд.

Гирдиҳамомадагон шиорҳои зидди роҳбарияти Тоҷикистон сар доданд. Онҳо дар даст акси кӯдакони қирғизистониеро доштанд, ки дар низоъҳои марзӣ фавтидаанд.

Пулис бархе аз шикорҳоро "хашин" унвон ва ширкатдоронро огоҳ кард, ки чунин шиорҳо ҷавобгарӣ доранд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 13 апрел дар робита ба низоъи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон изҳори назар кард. Вай дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки кишвараш аз масири демократия ва озодии баён берун нашуда, ҳуқуқи инсон риоя мегардад, аммо вай ҳамзамон аз нашри иттилои носаҳеҳ дар бораи кишварҳи ҳамсоя ҳушдор дод.

"Ман аз рӯзноманигорон, дар умум аз шаҳрванде, ки худро блогер меноманд, як хоҳиш дорам. Дар низоъ бо кишварҳои ҳамсоя нашри иттилои носаҳеҳ ва таҳқири роҳбарони онҳо ва паҳнсозии навору аксҳои мухталифро қатъ кунед. Ин ба хилофи ахлоқ аст. Бо ин кор шумо вазъро печидатар ва норизоиро байни ду миллат меафзоед. Бале, мушкили марз ҳаст. Мушкиле, ки 30 сол аст, мавҷуд аст. Ин мушкил эҳтиёткории бештарро талаб мекунад. Ҳазор километри аломатгузориношуда мавҷуд аст. Ин вақт мегирад. Худо хоҳад, ман тасмим дорам, ин масъаларо то охири муҳлати президентиам ҳал кунам", - навишт Ҷабборов.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро дар рӯйдоди 12-уми апрел дар сарҳади ду кишвар маҳкум кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Ховар", Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизистонияш, Руслан Казакбоев, хостааст, "аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиши воқеӣ бурда шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мулоқотро тасдиқ кард. Манбаъ гуфт, ду ҷониб ҳамкориҳо ва амнияти минтақаро баррасӣ карда, ба зарурати таъйину нишонагузории қитъаҳои баҳсии марз таъкид намуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.

Рӯзи 12-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа, як сарбози тоҷик кушта, аз ду тараф чанд каси дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ҳодиса нерӯҳои Қирғизистонро айбдор карданд. Бишкек масъулиятро ба дӯши марзбонҳои тоҷик гузошт.

XS
SM
MD
LG