Ссылки доступа

Вазири тоҷик амалкарди марзбонҳои Қирғизистонро маҳкум кардааст


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро дар рӯйдоди 12-уми апрел дар сарҳади ду кишвар маҳкум кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Ховар", Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизистонияш, Руслан Казакбоев, хостааст, "аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиши воқеӣ бурда шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мулоқотро тасдиқ кард. Манбаъ гуфт, ду ҷониб ҳамкориҳо ва амнияти минтақаро баррасӣ карда, ба зарурати таъйину нишонагузории қитъаҳои баҳсии марз таъкид намуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.

Рӯзи 12-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа, як сарбози тоҷик кушта, аз ду тараф чанд каси дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ҳодиса нерӯҳои Қирғизистонро айбдор карданд. Бишкек масъулиятро ба дӯши марзбонҳои тоҷик гузошт.

XS
SM
MD
LG