Ссылки доступа

Амалиёти Русия дар Украина қатли ом эълом карда шуд


Радаи болоии Украина бо қабули қароре амали артиш ва раҳбарияти сиёсиву низомии Русияро дар он кишвар қатли омми мардуми украинӣ эълом кард.

Ба иттилои сомонаи рада, аз қарори мазкур 363 вакили порлумони Украина ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки бояд ба созмонҳои байналмилалии бонуфуз, аз ҷумла СММ, Порлумони Аврупо, НАТО, ҳукумат ва порлумони кишварҳои хориҷӣ аз номи рада муроҷиатнома барои эътирофи амалиёти Русия дар Украина ҳамчун қатли ом фиристода шавад.

Порлумони Украина лоиҳаи қонуни манъи рамзҳои Z ва V-ро қабул кард. Истифодаи ин рамзҳо минбаъд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, либос ва эълонҳо манъ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG