Ҷабборов гуфт, ки ташрифи Мирзиёев ба Қирғизистон муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нав хоҳад расонид.
Президенти Қирғизистон афзуд, Узбекистон шарики муҳими хориҷӣ ва стратегии кишвараш аст.
Умурзақов гуфт, ки ҳадаф аз сафараш ба Қирғизистон омодагӣ ба ташрифи Мирзиёев аст.
Ҷабборов моҳи марти соли гузашта ба Тошканд рафта буд. Он замон миёни Узбекистону Қирғизистон 22 санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Пештар хабар расида буд, ки президенти Узбекистон рӯзҳои 26-27 май ба Қирғизистон хоҳад рафт.