Ссылки доступа

Қазоқистон созишномаи сохтани ҳукумати электрониро бо ширкати русии "Сбер" бекор кард


Тарҳи таъсиси ҳукумати электрониро Қазоқистон бо мутахассисони дохилиаш амалӣ мегардонад. Дар ин бора ноиб-вазири рушди рақамӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон Аскар Жамбакин хабар дод.

"Дар робита ба вазъи геополиткӣ, тасмим шуд, ки ҳукумати электрониро бо неруи мутахассисони дохилӣ амалӣ созем", - гуфт Жамбакин.

3 сентябри соли 2021 сарвазири пешини Қазоқистон Аскар Мамин ва роҳбари "Сбербонк"-и Русия Герман Греф тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар бахши амалисозии лоиҳаи рақамигардонии Қазоқистонро имзо карданд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев он замон ин ҳамкориро стратегӣ унвон карда буд.

Арзиши тарҳ 500 миллион доллар баҳо дода мешуд.

Ин тафоҳумнома дар ҷомеаи Қазоқистон баҳсҳоро ба вуҷуд овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки тарҳи мазкур ба истиқлоли Қазоқистон хатар дорад.

XS
SM
MD
LG