Ссылки доступа

Садҳо сарбозу афсари муҳосирашудаи украинӣ ба русҳо таслим нашудаанд


Последствия боевых действий в Мариуполе 
Последствия боевых действий в Мариуполе 

Мақомоти Украина мегӯянд, низомиёни ин кишвар дар Мариупол ҳанӯз ба ҳамлаҳои Русия муқобилият нишон медиҳанд.

Русия эълон кард, ки шаҳри бандарии Мариуполи Украинаро тақрибан пурра зери назорат даровардааст ва ба афсарону сарбозони воҳиди низомии "Азов" дар як корхонаи бузург муҳлат дод, ки таслим шаванд.

Ҳанна Маляр, муовини Вазири дифои Украина, рӯзи 17-уми апрел Мариуполро “сипари дифоии Украина” номид. Ӯ гуфт, бо вуҷуди муҳосира сарбозону афсарони ин кишвар мубориза мебаранд ва аз пешравии низомиёни рус ба дигар шаҳрҳои Украина пешгирӣ мекунанд.

Русия ба сарбозони украинӣ, ки дар корхонаи бузурги “Азовсталь” муҳосира шудаанд, аз соати 6 то 13-и 17-уми апрел фурсат барои таслим шудан пешниҳод кард. Вазорати дифои Русия гуфт, бояд онҳо дар ин муҳлат парчами сафедро боло кунанд ва силоҳояшонро гузошта таслим шаванд.

Ин муҳлат ба поён расид, вале ба гуфтаи мақомоти украинӣ, ҳеҷ нишонае аз таслим шудани сарбозони воҳиди низомии “Азов” ба назар намерасад.

Онҳо дар корхонае пинҳонанд, ки нақбҳои бузурги зеризаминӣ дорад ва амалиёти низомиёни Русияро мушкил мекунад. Ҳамалҳои ҳавоӣ ба нақбҳои ин корхона зиён намерасонад ва ин имкон медиҳад, ки низомиёни украинӣ дар он ҷо муқобилият нишон диҳанд.

Русия мегӯяд, ки дар ин корхонаи бузург ҳудуди 2,5 ҳазор низомӣ қарор дорад, ки 400 нафарашон зархаридони хориҷианд.

Аз ин пеш, Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо нашрияи "Украинская правда" гуфт, ки “агар онҳо сарбозони моро аз байн бубаранд, ҳама гуна музокирот бо Русия қатъ хоҳад шуд.”

Аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина намояндагон ин кишвар барои расидан ба сулҳ музокирот мекунанд, вале ҳанӯз ба ҳеҷ пешравие даст наёфтаанд.

Ҳоло ҷаҳон бештар ба шаҳри Мариупол таваҷҷӯҳ кардааст, ки Русия иддао дорад, онро таҳти назорат дорад ва гурӯҳе аз низомиёни боқимонда низ дар муҳосираанд.

Вазорати дифои ин кишвар пештар гуфта буд, ки беш аз ҳазор низомии украинӣ дар ин шаҳр таслим шуд. Мақомоти украинӣ инро рад карданд.

Дар натиҷаи ҷанги Русия бо Украина ин шаҳри бандарӣ хароб шудааст. Мақомоти Украина мегӯянд, бо сабабе, ки дар ин шаҳр ҷанг давом дорад, шумораи қурбониён маълум нест.

XS
SM
MD
LG