Ссылки доступа

Дар Узбекистон хонандагонро аз намози таровеҳ ронданд


Як гуруҳ аз мансабдорони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон дар ҳамроҳӣ бо маъмурони пулис ҳангоми намози таровеҳ ба масҷиди "Ҳазрати Алӣ"-и ноҳия рафта, кудаконро аз онҷо берун кардаанд.

Ба гуфтаи яке аз намозгузорон, имоми масҷид ба ҷои монеи амали маъмурони пулис шудан бо онҳо ҳамроҳ шуда, кудаконро аз ибодатгоҳ берун кардааст.

Раиси маҳаллаи "Ҳазрати Алӣ"-и Сӯх Субҳоналӣ Нишонов рух додани чунин ҳодисаро рад кард. Аммо мудири яке аз мактабҳои миёнаи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, "рейд"-и мазкур ба хотири пешгирӣ аз рафтани хонандагони синфҳои поёнӣ ба намози таровеҳ гузаронида шуд.

"Онҳо якбора вориди масҷид шуда, намозро вайрон ва кудаконро берун карданд. Ҳамаи намозгузорон аз ин амали мансабдорон нороҳат шуданд", - афзуд ҳамсуҳбати радио аз Сӯх.

XS
SM
MD
LG