Ссылки доступа

Як зодаи дигари Қирғизистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд


Як зодаи дигари Қирғизистон, ки шаҳрванди Русия буд ва дар сафи неруҳои он кишвар дар Украина меҷангид, кушта шудааст.

Дар вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи 18 апрел гуфтанд, ки пайвандон мунтазири овардани ҷасади зодаи Қирғизистон ҳастанд.

“Ҷасад ҳоло оварда нашудааст, имрӯз муайян мешавад, ки кай меоранд. Вай солҳо пеш ба Русия рафта буд, шаҳрвандии онҷоро гирифта буд. Ҳамонҷо ба артиш рафт. Волидонаш инҷо зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, вай дар Украина фавтидааст”, - гуфт Аватбек Жолоев, раиси деҳае дар вилояти Ӯши Қирғизистон, ки ҷавони кушташуда онҷо зода шуда буд.

Моҳи марти соли ҷорӣ аз кушта шудани ду зодаи дигари Қирғизистон дар Украина хабар расида буд. Эгамбердӣ Добоеви 19-сола, зодаи вилоти Иссиқкули Қирғизистон дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Ҳамчунин Рустам Зарифулини 26-сола, зодаи вилояти Чуйи Қирғизистон дар ҷанги Украина кушта шуд. Ҷасади ин ду зодаи Қирғизистонро тавассути пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG