Ссылки доступа

Украина пурсишномаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупоро пур кард


Ҳукумати Украина пурсишномаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупоро комилан таҳия кардааст. Дар ин бора Игор Жовка, муовини раиси Дафтари президенти Украина хабар дод.

Рӯзи 8 апрел раиси Иттиҳоди Аврупо, ки ба Украина омада буд, ба президенти он кишвар Владимир Зеленский пурсишномаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупоро супорид. Зеленский он замон гуфта буд, ки Киев метавонад, баъди як ҳафта пурсишномаи баргардонад.

Санад аз ҷониби Украина таҳия шудааст, акнун Киев мунтазири тавсияҳост ва баъдан "тӯп ба майони Иттиҳоди Аврупо ворид мешавад", гуфт Жуков. Вай илова кард, ки Украина мунтазири соҳиб шудан ба мавқеи кишвари номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Ин мавқеъ ба Украина дар ҷаласаи моҳи июн эҳтимол дода хоҳад шуд.

Украина барои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо моҳи 28 феврал - баъди ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар - дархост дода буд.

XS
SM
MD
LG