Ссылки доступа

Вазорату идораҳои Қирғизистон бо ҳадафи сарфаи коғаз ҳар ду рӯи онро истифода мекунанд


Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дастур дод, қароре таҳия ва ба дастгоҳи президент ирсол шавад, ки бар асоси он ниҳодҳои давлатӣ харҷи коғази сафедро ду баробар коҳиш диҳанд.

Дар ин бора аз девони вазирони он кишвар хабар доданд. Ба ниҳодҳои давлатии он кишвар дастур шудааст, ки бо ҳадафи кам кардани харҷ "ҳар ду рӯи коғазро истифода баранд". Ба иттилои девони вазирони он кишвар, ин чораҷӯӣ метавонад, истифодаи коғазро 50% коҳиш ва наздики 1,4 млн долларро дар сол сарфа намояд.

Ҳамзамон ба вазорати молияи он кишвар дастур шудааст, ки маблағгузорӣ ба хариди коғази сафедро барои ниҳодҳои давлатӣ кам кунад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Оқилбек Ҷабборов гуфта буд, ки шуруъ аз 1 апрел ҳамаи мақомоти давлатӣ комилан ба ҳуҷҷатгузории электронӣ хоҳанд гузашт.

Дар он кишвар соли 2019 низ чунин тасмиме гирифта буданд. Аммо он талош ноком шуда буд. Зеро амнияти гардиши санадҳои электронӣ ба таври кофӣ таъмин нагардида буд.

XS
SM
MD
LG