Ссылки доступа

Зидди рӯзноманигори таҳқиқотгари қирғиз айбҳои нав эълон шуд


Пулиси шаҳри Бишкек аз боз шудани парвандаҳои нав зидди рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров хабар додааст.

Ба иттилои пулиси Бишкек, рӯзномнигори қирғиз ба "сохтакории аснод" ва "убури ғайриқонунии марз" низ айбдор мешавад. Манбаъ афзудааст, ки рӯзноманигор соли 2008 ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия билети ҳарбии қалбакиро пешниҳод кардааст.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Чанд рӯз баъд дар Интернет сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG