Ссылки доступа

Мухолифини Қирғизистон талаби қатъи таъқиби рӯзноманигор Темировро карданд


"Эътилофи ҳаракати демократии Қирғизистон" рӯзи 20 апрел дар робита ба парвандаи ҷиноӣ нисбати рӯзноманигор Болот Темиров изҳорот нашр кард.

Дар изҳороти эътилоф омадааст, дар кишвар "талош мешавад, бо рӯзноманигороне ҳисобӣ кунанд, ки фиребу найранги афроди баландмақомро ошкор месозанд".

"Таҳқиқоти навбатии Темиров таъқибҳоро бештар карда, нисбати рӯзноманигор чанд парвандаи дигар боз кардаанд. Ин ба ҷуз аз таъқиб ва бадномсозии рӯзноманигори озодандеш ва бовиҷдон номи дигаре надорад", - гуфтанд мухолифини ҳукумати Қирғизистон.

Аъзои эътилоф аз президенти он кишвар Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев талаб карданд, ки таъқиби Болот Темиров қатъ шавад.

Темиров рӯзи 18 апрел дар бораи ширкати фарзандони раиси КДАМ Қамчибек Тошиев дар тендерҳои давлатӣ таҳқиқоти нав нашр кард. Рӯзи 19 апрел ба вай хабар доданд, ки нисбаташ парвандаҳои нави ҷиноӣ боз шудааст. Рӯзноманигор парвандаҳои ҷиноиро ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, нисбати Темиров бар асоси моддаҳои "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" парванда боз шудааст.

Дар моҳи январ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

Тошиев айбҳои эъломкардаи мақомоти Қирғизистон рад ва парвандаҳоро беасос номид.

XS
SM
MD
LG