Ссылки доступа

Узбекистониҳоро барои 15 рӯз аз сабти номи ҳатмӣ дар Русия озод мекунанд


Шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия аз сабти номи ҳатмӣ барои 15 рӯзи аввали вуруд озод мекунанд. Пештар ин муҳлат 7 рӯзро дар бар мегирифт. Ҳамин сабукӣ барои шаҳрвандони Русия низ дар Узбекистон дода мешавад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллии Узбекистон, порлумони ин кишвар бо Думаи давлатии Русия созишномаи содасозии будубоши шаҳрвандони ду кишварро дар ҳудудҳои якдигар тасдиқ кардаанд.

Созишномаи мазкурро ҳукуматҳои ду кишвар 21 майи соли 2021 дар Москва ва 17 июни ҳамон сол дар Тошканд имзо карда буданд.

XS
SM
MD
LG