Ссылки доступа

Дилрабо Самадова: Хидмати алтернативӣ нест. Ҳам пул медиҳӣ, ҳам ба артиш меравӣ (видео)


Служба в резерве: платишь деньги и служишь месяц
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:08:25 0:00

Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, мегӯяд, дар як ҳафтаи аввали даъват ба артиш “сарбозшикор” мушоҳида нашуд, “вале баъдан, ба ҷуз аз Бадахшон, дар шаҳру навоҳии дигари кишвар чунин ҳолат дида шуд.”

“Имсол донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо ба мо муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод кардаанд, ки ба хидмат раванд ва дипломашонро хоҳанд гирифт. Онҳо аз мо машварат пурсиданд, мо гуфтем, дар қонунгузорӣ чунин нест. Баъзе аз ин донишҷӯёнро дар Хуҷанд маҷбурӣ ба артиш бурданд,” -- гуфт ӯ рӯзи 19-уми апрел.

Ин ҳомии ҳуқуқ афзуд, хидмат дар артиш вазифаи ҳар як ҷавони синни даъватӣ ҳаст, вале мақомот набояд ин корро бо зӯр анҷом диҳанд.

Айни замон масъулони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гуфтанд, ҳеч кас дар Тоҷикистон бо супурдани пул наметавонад аз хидмати ҳарбӣ озод шавад. Соли гузашта қонун дар бораи “Адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” қабул шуд. Бисёриҳо онро “қонуни алтернативӣ” номиданд ва ба ин андеша буданд, ки ҳар нафаре хоҳад, бо супурдани маблағи муайян пурра аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад.

Дилрабо Самадова, раиси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, бо супурдани пул танҳо муҳлати хидмат кам мешавад, аммо ин маънои пурра озод шудан аз хидмат дар артишро надорад.

Ҷавононе, ки пул месупоранд, ҳатман бояд як моҳ дар артиш хидмат кунанд. Соли гузашта барои хидмати якмоҳа беш аз 25 ҳазор сомонӣ бояд супурда мешуд, вале имсол ин нарх наздик ба 28 ҳазор сомонӣ шудааст. Соли гузашта бар асоси квота танҳо 600 нафар тавонистаанд, бо супурдани пул як моҳ хидмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

“Бо супурдани пул аз хидмати ҳарбӣ озод намешавед. Ин хидмати алтернативӣ нест, балки ҷавон як моҳ рафта хидмат мекунад. Сифати ин навъи хидмат чандон хуб нест,” -- гуфт ӯ.

Ҳар сол баҳору тирамоҳ дар Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Ҷавонон ҳамвора аз “сарбозшикор” шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, “облава” вуҷуд надорад, аммо ҷавононеро, ки бо даъватнома намеоянд, маъмурони милиса маҷбурӣ ба комиссариатҳо меоранд.

XS
SM
MD
LG