Ссылки доступа

Қирғизистон назорати мошинҳои боркаши озими Қазоқистонро сахттар мекунад


Мошинҳои боркаше, ки аз Қирғизистон ба Қазоқистон мераванд, дар марзи Қирғизистон аз тафтиши аснод мегузаранд.

Барои ин кор аз ҳисоби кормандони Хадамоти андоз, ВКД, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуруҳи корӣ таъсис шудааст. Ин гуруҳ дар наздикии марзи Қирғизистон бо Қазоқистон фаъолият хоҳад кард.

Аз Хадамоти андози Қирғизистон хабар доданд, ки ин чораҷӯӣ ба пешгирӣ аз ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марз бо Қазоқистон мусоидат мекунад.

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон ба таври пайваста ҷамъшавии мошинҳои боркаш сурат мегирад, дар бархе ҳолатҳо теъдоди мошинҳои боркаш то ба чанд километр мерасад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ахиран иттилоъ дод, ки дар давоми якшабонарӯзи ахир ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бо Қазоқистон мушоҳида карда нашудааст.

Аз ҷумла, шумори мошинҳое, ки мехоҳанд вориди Қазоқистон шаванд, дар гузаргоҳи марзии "Ак-Тилек"-и Қирғизистон бо он кишвар коҳиш ёфтааст. Қаблан дар ин гузаргоҳ то 180 мошини боркаш барои гузаштан аз марз навбат меистоданд.

Хадамот афзудааст, ки ҷониби Қазоқистон давоми шабонарӯзи ахир раванди санҷиши мошинҳои боркашеро, ки аз ҷониби Қирғизистон ворид мешаванд, тезонидааст.

Пештар Девони вазирони Қирғизистон хабар дода буд, ки ҷониби Қазоқистон розӣ шудааст, дар сурати мавҷуд будани санадҳои лозимӣ барои интиқоли мол ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мошинҳои боркашро дар марз аз санҷиш нагузаронад ва ба ҳамин тариқ аз ҷамъшавии мошинҳо пешгирӣ кунад.

Навбатпоии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки ин ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Яке аз афзалиятҳои узвият дар иттиҳоди мазкур гардиши озодонаи молу маҳсулот дар дохили кишвраҳои узв аст.

XS
SM
MD
LG