Ссылки доступа

Як фармондеҳи низомӣ, ки баъди таркиши Ҷамбили Қазоқистон ҳабс шуда буд, озод гардид


Фармондеҳи пешини минтақаи фармондеҳии "Ҷануб"-и Қазоқистон Кайдар Қарақулов, ки баъди оташсӯзӣ ва таркиши шаҳраки Саройкамари вилояти Ҷамбили он кишвар бо моддаи "Хунукназарӣ" гумонбар шуда буд, аз ҳабс озод шудаатс.

Рӯзи 12 апрел, баъди як рӯзи иттилоъ дар бораи боздошти Қарақулов хабар расид, ки ӯро аз ҳабс озод кардаанд.

Мақомоти интизомии Қазоқистон гуфтанд, тафтишот давом дорад.

Кайдар Қарақулов як моҳи пеш аз мақоми фармондеҳии неруҳои минтақаи фармондеҳии "Ҷануб" барканор шуда буд.

Моҳи августи соли 2021 дар ноҳияи шаҳраки Саройкамари вилояти Ҷамбили Қазоқистон анбори аслиҳа таркида буд. Он замон дар натиҷаи ҳодисаи таркиш ва оташсӯзии анбор 17 кас фавтида, як тан беному нишон шуд ва наздики 100 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG