Ссылки доступа

Миёни ёдгориҳои Ичан-Қалъа дар Хиваи Узбекистон ёдгориҳои ҷаълӣ пайдо карданд


Дар маҷмуъ 101 осори таърихӣ дар Осорхонаи давлатии "Ичан Қалъа"-и Хиваи Узбекистон ба маълумоте, ки дар санадҳои осорхона навишта шудаанд, мувофиқат намекунанд.

Оҷонси ёдгориҳои фарҳангӣ ва Нозироти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии назди девони вазирони Узбекистон баъди омӯзиши ёдгориҳои осорхонаи Хива ба чунин хулоса омадааст.

Ҳамчунин нозирон ошкор кардаанд, дар санадҳои осорхона баъди ворид кардани тағйирот ба бархе аз осори таърихӣ маълумот сабт нашудааст.

Дар натиҷаи тафтиш маълумоти ошкоршуда ба Додситони кулли Узбекистон ба хотири баҳои ҳуқуқӣ додан ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG